БОХТАР: МАРКАЗИ САВДОИ «НАВО» ВА ҚАҲВАХОНАИ «РЕСТОБАР» МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТАНД

БОХТАР, 6 июл. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид Маркази савдои «НАВО» ва қаҳвахонаи «Рестобар» дар шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Зимни ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, ки Маркази савдои «НАВО» бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шарафҷон Ҳабибов бунёд гардидааст. Марказ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии 10-ошёна, воқеъ дар хиёбони Ваҳдати шаҳри Бохтар ҷойгир буда, масоҳати умумии он 360 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Маркази савдо ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар молҳои ниёзи аввалияи аҳолӣ ихтисос дода шуда, бо шароити муосири хизматрасонӣ таъмин мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати кормандон 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар таҳхонаи ҳамин бино қаҳвахонаи «Рестобар» бо масоҳати 365 метри мураббаъ ба фаъолият оғоз намуд. Қаҳвахонаи мазкур дар самти хизматрасонии хӯроки умумӣ фаъолият дошта, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва барои 10 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё намудааст.

Дар маҷмӯъ, бо ифтитоҳи Маркази савдои «НАВО» ва қаҳвахонаи «Рестобар» 20 ҷойи кори нави доимӣ таъсис дода шуда, барои рушди соҳибкории маҳаллӣ, тавсеаи соҳаи хизматрасонӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани инфрасохтори шаҳри Бохтар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти иншоотҳо аз саҳми соҳибкорони ватанӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки дастгирии бахши хусусӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди инфрасохтори хизматрасонӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии мамлакат маҳсуб меёбанд.

Ифтитоҳи иншооти нави хизматрасонӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як намунаи равшани корҳои созандагӣ буда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва ободии шаҳри Бохтар саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles