САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ТАРАБХОНАИ БРЕНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ KFC-РО ДАР ШАҲРИ БОХТАР ИФТИТОҲ НАМУДАНД

БОХТАР, 6 июл. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар шаҳри Бохтар тарабхонаи бренди байналмилалии KFC-ро, ки дар маҳаллаи Умари Хайём ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба рушди соҳаи хизматрасонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар маркази вилояти Хатлон мусоидат менамояд.

Зимни муаррифии иншоот иттилоъ дода шуд, ки тарабхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маззаи Нав» бунёд гардидааст. Корхонаи мазкур шарики расмӣ (франчайзи)-и бренди байналмилалии KFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро мутобиқи талаботу меъёрҳои байналмилалии хизматрасонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба роҳ мондааст.

Тарабхона дар хиёбони Ваҳдати шаҳри Бохтар, дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии 10-ошёна ҷойгир буда, масоҳати умумии он 480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот барои ҳамзамон қабули 120 нафар мизоҷ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир ва тамоми шароити зарурии хизматрасонӣ таъмин мебошад.

Қайд гардид, ки бо ба фаъолият оғоз намудани тарабхона 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди бозори меҳнат заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Фаъолияти тарабхона асосан ба омода ва пешниҳоди маҳсулоти ғизоӣ аз гӯшти мурғ равона гардида, ба мизоҷон панҷ намуди асосии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарии озуқаворӣ пешниҳод карда мешавад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо фаъолияти иншоот ба сатҳи корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин марказҳои хизматрасониро ҳамчун омили муҳими рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles