САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ АСФАЛТПӮШКУНИИ МАҲАЛЛАИ «ҲОҶӢ ШАРИФ»-И ШАҲРИ БОХТАР БОЗДИД НАМУДАНД

БОХТАР, 6 июл. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба асфалтпӯш намудани роҳҳои дохилии маҳаллаи «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар боздид намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ аз наздик шинос шуданд.

Ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки корҳои мазкур дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳайдаров Асомиддин амалӣ гардида истодаанд.

Зикр шуд, ки дар доираи лоиҳа 3,8 километр роҳи дохилии маҳалла бо паҳноии 6 метр барои асфалтпӯшкунӣ пурра омода карда шудааст. Бо мақсади таъмини устувории роҳ ва беҳтар намудани низоми обпартоӣ, дар як канори роҳ новаи обгузар сохта шуда, ҳамзамон сутунҳои хатҳои интиқоли неруи барқ насб гардидаанд.

Масъулон иброз доштанд, ки айни замон тамоми корҳои омодагӣ ба анҷом расида, дар рӯзҳои наздик асфалтпӯшкунии пурраи роҳи мазкур ба анҷом расонида мешавад.

Таъкид гардид, ки татбиқи ин иқдоми созанда ба беҳтар гардидани ҳолати роҳҳои дохилии маҳалла, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати бехатару бемамониати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин баланд бардоштани сатҳи ободонӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллаи «Ҳоҷӣ Шариф» мусоидати назаррас хоҳад кард.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз саҳми соҳибкори ватандӯст дар ободонии маҳал изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин иқдомҳои созандаро намунаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ карданд.

Таъкид карда шуд, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, ҷалби соҳибкорон ба рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти шаҳру деҳот ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles