САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА СОХТМОНИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ «ВАҲДАТ» ДАР ШАҲРИ БОХТАР ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД

БОХТАР, 6 июл. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар шаҳри Бохтар ба сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтии «Ваҳдат» ва хатҳои интиқоли барқи 110 киловолт ҳусни оғоз бахшиданд.

Иншооти мазкур дар қисми ҷанубии шаҳри Бохтар, маҳаллаи Истиқлол бунёд гардида, татбиқи он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026, №111 ва қарори раиси шаҳри Бохтар аз 23 сентябри соли 2022, №567 амалӣ мешавад. Барои сохтмони зеристгоҳ қитъаи замин дар масоҳати 1,95 гектар ҷудо гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки фармоишгар ва пудратчии сохтмон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» буда, таҳияи лоиҳаро Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» анҷом додааст. Иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ 14 апрели соли 2026 таҳти №89 ба расмият дароварда шуда, арзиши пешакии лоиҳа мутобиқи ҳисобҳо 44 миллиону 845 ҳазору 860 сомониро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии татбиқи ин лоиҳаи муҳими энергетикӣ коҳиш додани сарбории хатҳои баландшиддати мавҷуда, баланд бардоштани эътимоднокии низоми барқтаъминкунӣ ва таъмини рушди устувори зерсохтори энергетикии шаҳри Бохтар мебошад.

Тибқи лоиҳа, зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтии «Ваҳдат» бо хатти нави интиқоли барқи 110 киловолт пайваст гардида, дарозии умумии хатти ҳавоии барқ 2,774 километрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии ҳудуди лоиҳавӣ 5 ҳазору 713,5 метри мураббаъ буда, масоҳати сохтмони бино ва дигар иншооти лоиҳавӣ 300,44 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин зеристгоҳ имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни шаҳри Бохтар ба неруи барқ беҳтар таъмин гардида, сифату устувории интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар истеъмолкунандагон ба таври назаррас беҳтар шавад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлатҳои пешбинишуда ва истифодаи технологияҳои муосир дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки рушди соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, татбиқи чунин лоиҳаҳо барои таҳкими инфрасохтори энергетикӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа аҳамияти калон дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles