САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ВАХШ БОЗДИД НАМУДАНД

КӮШОНИЁН, 6 июл. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳон зимни сафари корӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари Пули ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён боздид намуда, бо рафти корҳои анҷомёфта ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ ва заминҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки деҳаҳои Сари Ҳавз ва Сари Пул аз ҷумлаи маҳалҳои осебпазири соҳили дарёи Вахш ба шумор рафта, бар асари тағйирёбии маҷрои дарё ва фарсоиши соҳил як қатор заминҳои кишоварзӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дар хатари шуста шудан қарор гирифтаанд.

Тибқи маълумоти масъулон, дар деҳаи Сари Ҳавз, ки беш аз 2 ҳазору 560 нафар аҳолӣ ва 186 хоҷагии оилавиро дар бар мегирад, як қисми заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва моҳипарварӣ бар асари таъсири дарё зери об монда, ҳамчунин ба манзилҳои истиқоматии сокинон низ хатари ҷиддӣ эҷод шудааст. Деҳаи Сари Пул низ бо аҳолии зиёда аз 1 ҳазору 300 нафар дар минтақаи хавфнок қарор дошта, барои таъмини амнияти сокинон тадбирҳои иловагӣ амалӣ гардида истодаанд.

Зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи аҳолӣ, дар асоси амрҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Кӯшониён дар давоми соли 2026 чандин машқҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардида, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби васеи сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва сокинон роҳандозӣ шудааст.

Дар доираи ин тадбирҳо садҳо адад тахтасангҳои оҳанину бетонӣ насб гардида, саддаҳои муҳофизатӣ бунёд, ҳандақҳо кофта, ҳазорҳо метри мукааб қуму шағал ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ба минтақа интиқол дода шудааст. Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёда аз 120 адад техникаҳои гуногун, аз ҷумла экскваторҳо, мошинҳои боркаш, трайлерҳо, кранҳо ва дигар техникаҳои махсус сафарбар карда шуданд.

Аз ҷумла, танҳо дар деҳаи Сари Ҳавз дар муддати кӯтоҳ 647 адад тахтасангҳои оҳанину бетонӣ насб, 700 метр ҳандақ кофта, 100 метр саддаи муҳофизатӣ бо паҳноии 9 метр ва баландии 7 метр сохта шуда, барои таҳкими соҳил садҳо автомашина қуму шағал, хок, сангҳои калонҳаҷм ва бетонҳои шикаста интиқол дода шудааст.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои саривақтӣ ва ҳамоҳангшуда самти ҷараёни оби дарёи Вахш то андозае тағйир ёфта, фишори он ба соҳили чап коҳиш ёфтааст, ки ин барои коҳиш додани хатари шуста шудани соҳил ва ҳифзи манзилҳои истиқоматӣ аҳамияти муҳим дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулон дастур доданд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо идома ёфта, баҳри таъмини амнияти аҳолӣ, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles