26 июн, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Алмаато бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷикон, ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози вохӯрӣ раиси вилояти Хатлон ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» самимона табрику таҳният гуфтанд.
Зикр гардид, ки ин қатънома, ки бори аввал бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бозгӯи ҷойгоҳи баланд ва нақши созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ буда, эътимоди ҷомеаи байналмилалиро ба сиёсати сулҳпарваронаи кишвари мо боз ҳам таҳким мебахшад.
Раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии мулоқот баррасии фаъолияти ҳамватанон дар муҳоҷират, шунидани пешниҳодҳои онҳо ва роҳандозии муколамаи озоду судманд мебошад. Ӯ аз фаъолияти созанда ва саҳми тоҷикони муқими Қазоқистон дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори қаноатмандӣ намуда, барои иштироки фаъолонаашон дар мулоқот изҳори сипос карданд.
Зимни суханронӣ Давлаталӣ Саид изҳор доштанд, ки имрӯз муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон босуръат рушд намуда, мулоқотҳои мунтазами сарони давлатҳо барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Раиси вилоят ҳамчунин оид ба омодагиҳои густурда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, қайд намуданд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар саросари кишвар корҳои азими ободониву созандагӣ идома доранд. Танҳо дар вилояти Хатлон бахшида ба ин ҷашни таърихӣ бунёду азнавсозии 6260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Раиси вилояти Хатлон зимни баррасии вазъи ҷаҳони муосир аз таъсири низоъҳои сиёсиву низомӣ, таҳримҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки дар чунин шароит рушди истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Он кас аз соҳибкорон даъват намуданд, ки дар таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми бештар гузоранд.
Дар фарҷоми мулоқот Давлаталӣ Саид аз ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ даъват ба амал оварданд, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, ободонии Ватан ва таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона дошта бошанд.
Зикр гардид, ки соҳибкорони ватандӯст бо сармоягузорӣ, рушди фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда дар пешрафти вилояти Хатлон ва Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар анҷом раиси вилояти Хатлон ба ҳамаи ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон тансиҳативу сарбаландӣ, комёбӣ дар фаъолияти меҳнатӣ ва муваффақиятҳои нав орзу намуда, таъкид кард, ки онҳо ҳамеша бо Ватани аҷдодӣ пайванди ногусастанӣ доранд ва саҳми онҳо дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол басо арзишманд аст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

