26 июн, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз Минтақаи саноатии шаҳри Алма-Ато боздид намуда, бо фаъолияти як қатор корхонаҳои бузурги истеҳсолии ин минтақа ва имкониятҳои рушди бахши саноат аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид ба раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки Минтақаи саноатии Алма-Ато яке аз марказҳои муҳими истеҳсолӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳисоб рафта, барои рушди истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар идомаи сафар Давлаталӣ Саид аз фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Astana Motors Manufacturing Kazakhstan» боздид намудан. Ба раиси вилоят иқтидори истеҳсолӣ, хатҳои муосири васлу насби автомобилҳо, истифодаи технологияҳои пешрафта ва дурнамои рушди корхона муаррифӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки корхона яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони автомобил дар Ҷумҳурии Қазоқистон буда, дар он бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ навъҳои гуногуни воситаҳои нақлиёт истеҳсол гардида, маҳсулот ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот пешбинӣ мешавад.
Сипас раиси вилояти Хатлон аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «БСФ», ки ба истеҳсоли маҳсулоти лаку ранг машғул мебошад, боздид карданд. Зимни шиносоӣ роҳбарияти корхона оид ба иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи ашёи хоми босифат, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва назорати сифати маҳсулот маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар идома Давлаталӣ Саид аз фаъолияти корхонаи «Top Fiber Panel» низ дидан намуда, бо раванди истеҳсоли шабакаҳои арматурӣ, агломератҳои кварсӣ ва қубурҳои профилӣ шинос гардиданд. Ба иттилои масъулин, маҳсулоти корхона мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ истеҳсол гардида, дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир мебошад.
Раиси вилояти Хатлон зимни боздид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти рушди минтақаҳои саноатӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва роҳандозии истеҳсолоти рақобатпазир таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин таҷрибаро барои рушди иқтидори саноатии вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, табодули таҷриба, ҷалби сармоя ва рушди ҳамкориҳои соҳибкорони вилояти Хатлон бо ширкатҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

