26 июн, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳокими шаҳри Алма-Ато Дархан Амангелдиевич Сатыбалды мулоқоти расмӣ анҷом доданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ пайваста рушд доранд.
Зимни мулоқот аз баргузор гардидани намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Хатлон дар шаҳри Алма-Ато ҳамчун рӯйдоди муҳими иқтисодиву фарҳангӣ ёдоварӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои иқтисодии вилояти Хатлон, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва густариши ҳамкориҳои байни соҳибкорони ду ҷониб аҳаммияти калон доранд.
Давлаталӣ Саид қайд намуданд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва босуръат рушдёбандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳаи кишоварзӣ дар вилоят мавқеи пешсаф дошта, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваю сабзавот, ангур, полезӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ҳамасола ба бозорҳои хориҷӣ содирот мешаванд.
Ҳамзамон, раиси вилоят таъкид карданд, ки вилояти Хатлон дорои имкониятҳои бузурги сармоягузорӣ, саноатӣ ва сайёҳӣ буда, барои роҳандозии ҳамкориҳои муштарак дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо омода мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот Давлаталӣ Саид изҳори итминон намуданд, ки татбиқи ташаббусҳои муштарак метавонад ҳаҷми гардиши мол байни минтақаҳоро ба таври назаррас афзоиш дода, барои таъсиси корхонаҳои нави муштарак, густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои соҳибкорони ҳарду ҷониб мусоидат намояд.
Таъкид гардид, ки рушди робитаҳои мустақим байни намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ҷавонон, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва соҳаи сайёҳӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими шарикии дарозмуддат ва ҳамдигарфаҳмии мардумони ду кишвар мебошад.
Раиси вилояти Хатлон инчунин аз Ҳокими шаҳри Алма-Ато даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба вилояти Хатлон сафари расмӣ анҷом диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин сафар барои муаррифии иқтидори сармоягузорӣ, саноатӣ ва сайёҳии вилоят ва баррасии лоиҳаҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи мулоқот Давлаталӣ Саид бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни вилояти Хатлон ва вилояти Алма-Ато аллакай як қатор чорабиниҳои муштарак амалӣ гардида, натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир барои бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба даст омадаанд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши мубодилаи таҷриба ва технологияҳои муосир, баргузории форумҳои соҳибкорӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро муҳокима намуданд.
Аз ҷониби худ, Ҳокими шаҳри Алма-Ато Дархан Сатыбалды изҳор дошт, ки муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки Тоҷикистону Қазоқистон асоси мустаҳками рушди ҳамкориҳо мебошанд. Ӯ баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти вилояти Хатлонро дар шаҳри Алма-Ато омили муҳими рушди савдои мутақобила, густариши ҳамкориҳои соҳибкорӣ ва таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуда, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза барои таҳкими бештари муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии вилояти Хатлон ва шаҳри Алма-Ато заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

