26 июн, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳокими вилояти Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Елеусизович Султонгазиев мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар оғози мулоқот раиси вилояти Хатлон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии роҳбарияти вилояти Алма-Ато изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи сарони ду давлат сол ба сол таҳким ёфта, ҳамкориҳои байни минтақаҳо дар ҳоли рушд аст.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳарду кишвар қарор дорад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои бузурги аграрии Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи истеҳсолӣ буда, махсусан дар парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ, таҷрибаи ғанӣ дорад. Раиси вилоят омодагии вилояти Хатлонро барои роҳандозии содироти мунтазами лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Ҷумҳурии Қазоқистон таъкид намуданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханронии худ зикр карданлъд, ки дар соли 2024 байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳокимияти вилояти Алма-Ато Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмиву техникӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст, ки заминаи муҳими рушди муносибатҳои байниминтақавӣ ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳои ҷумҳурӣ буда, аҳолии он ба қариб 4 миллион нафар мерасад. Дар вилоят наздики 80 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият дошта, ҳамасола зиёда аз 250 ҳазор тонна пахта, беш аз 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва маҳсулоти полезӣ, инчунин зиёда аз як миллион дона пӯсти чорво ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Ҳар сол аз вилояти Хатлон зиёда аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ содирот мегардад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда метавонад ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол, рушди сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар мусоидат намояд.
Ҳокими вилояти Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Елеусизович Султонгазиев низ омодагии худро барои густариши муносибатҳо баён доштанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

