Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон
аз 8 июни соли 2026, №144 “Дар бораи таъсис додани гранти раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2026” бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон озмуни гранти раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.
- 2 грант дар ҳаҷми 25000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ
- 6 грант дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ
- 22 грант дар ҳаҷми 15000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ
Вобаста ба ин аз занҳои соҳибкор хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят аз 15 июн то 15 июли соли 2026 ба унвонии Комиссияи гранти раиси вилоят, ба суроғаи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод намоянд.
Тартиби баррасии дархостҳо
Тартиби ба расмият даровардани шакли дархост тибқи замима муайян карда мешавад (намунаи дархост замима мегардад).
Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз чопи эълон дар васоити ахбори омма шурӯъ мегардад.
Дархостҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда аз ҷониби комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии муҳлати қабули дархостҳо баррасӣ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи гранти занҳои соҳибкор аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки ба озмун пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.
Дархостҳое, ки тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби комиссия баррасӣ карда намешаванд.
Танҳо 30 (сӣ) лоиҳаи гранти беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои ба нақша гирифташуда муайян карда мешавад.
Байни Раёсат ва занҳои соҳибкор лоиҳаи грантӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида мешавад, ки дар он уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешавад.
Муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 15 июн то 15 июли соли 2026-ро дар бар мегирад.
Дархост ва номгӯи
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмуни грантҳо
- Ариза ба унвонии раиси комиссияи грантӣ
- Маълумот дар бораи соҳибкор
– шарҳи ҳоли соҳибкор;
– нусхаи шиноснома;
– ду дона акси 3 х 4;
– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва ӯҳдадориҳо;
-маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ (оғози фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ);
- Маълумот дар бораи лоиҳа
– номи лоиҳа;
– тавсифи лоиҳа ва асосноккунии он;
– мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад);
– вазифаҳои лоиҳа;
– муҳлати амалигардонии лоиҳа;
– маблағҳои дархостшаванда;
– макони амалигардонии лоиҳа;
– саҳми соҳибкор;
– буҷети лоиҳа;
– натиҷаҳои пешбинишавандаи амалигардонии лоиҳа.

