МУЪМИНОБОД. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат» раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин пешниҳодҳои нави ҳамкориро барои солҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброҳим Этҳем Унал аз раванди амалисозии лоиҳаҳои ТИКА дар Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуд, ки агентӣ минбаъд низ омода аст ҳамкориҳоро бо вилояти Хатлон густариш диҳад.
ТИКА татбиқи як қатор лоиҳаҳоро дар соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва рушди деҳот идома дода, барои амалӣ намудани ташаббусҳои нав низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Дар рафти мулоқот масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пӯст ва пашм дар вилояти Хатлон низ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки дар вилоят имконият ва ашёи хоми зарурӣ барои ташкили чунин истеҳсолот мавҷуд буда, роҳандозии фаъолияти корхона метавонад ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ мусоидат намояд.
Раиси вилояти Хатлон аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуда, таъкид карданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои амалисозии чунин лоиҳаҳои истеҳсолӣ омодаи ҳамкорӣ ва дастгирӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар мулоқот бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон мавриди муҳокима қарор гирифт. Қайд гардид, ки шароити иқлимии минтақаҳои алоҳидаи вилоят барои парвариши ин навъи зироат мусоид буда, ҷонибҳо имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар ин самт баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ба манфиати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон изҳор доштанд.
“ХАТЛОН”

