МУЪМИНОБОД. 4 июни соли 2026 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамзамон дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар Форум раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намоядагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои соҳавии кишварҳои ҳамшарик, роҳбарони ширкатҳои ватанию хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон, коршиносони милливу байналмилалӣ, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ иштирок доштанд.
Нахуст барои меҳмонон ва иштирокдорон намоишгоҳи муаррифии имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва дигар манотиқи кишвар ташкил карда шуд. Дар он мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, мамнуъгоҳҳои табиӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии фаъол дар вилоят, маҳсулоти ҳунармандону косибон, инчунин имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба намоиш гузошта шуданд. Макони намоишгоҳ бо унсурҳои хоси миллӣ ва тарҳу усулҳои муосир оро ёфта, барои иштирокчиён ва меҳмонон шароити мусоид ҷиҳати муаррифии хизматрасониҳо, баргузории мулоқоту гуфтушунидҳои тарафайн, фурӯши озоди бастаҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои миллӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, дар гӯшаҳои махсус пухту пешниҳоди таомҳои миллии тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, меҳмонон имкон пайдо намуданд, ки аз ҳунари пазандагони маҳаллӣ баҳравар гардида, таъму лаззати хӯрокҳои суннатии тоҷиконро бичашанд.
Ҳамзамон дар мавзеи сайёҳии “Чилдухтарон” порчае аз достони машҳури “Рустам ва Суҳроб”-и “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуд.
Форум ва намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.
Сипас, қисмати расмии Форум оғоз гардид. Дар оғози қисмати расмии форум ба иштирокчиён лоиҳаи рақамии (интерактивии) мероси фарҳангии «Хутали қадим» муаррифӣ гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва иштирокчиёни Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон: сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат»-ро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар фазои сулҳу суботи комил ва муҳити рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо мебошад.
Имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии фарҳангҳо арзёбӣ мегардад. Ба ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.
Вилояти Хатлон дорои захираҳои беназири табиӣ, таърихиву фарҳангӣ ва шароити мусоиди экологӣ буда, имкониятҳои фарохе барои густариши намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии фарҳангиву таърихӣ, экологӣ, аграрӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор пешниҳод мекунад.
Дар қаламрави вилоят беш аз 930 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва имкони ҷалби шумори зиёди сайёҳонро фароҳам меоранд.
Мавзеъҳои табиии зебо, аз қабили “Чилдухтарон”, “Чилучорчашма”, “Сари Хосор”, “Дашти ҷум”, “Хуталон”, парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳои вилоят барои рушди сайёҳии экологӣ ва истироҳатӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Имрӯз, вилоят самтҳои гуногуни сайёҳиро рушд медиҳад;
• Сайёҳии табиӣ ва экологӣ, барои дӯстдорони табиат ва иқлими солим;
• Сайёҳии таърихию фарҳангӣ, бо зиёрати осори ниёгон;
• Сайёҳии зиёратӣ, бахусус дар шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Балҷувон;
• Сайёҳии кӯҳгардиву варзишӣ, ки барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ фарогир аст;
• Сайёҳии табобатӣ, бо истифодаи захираҳои обии гарми шифобахш.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон беш аз 600 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овардаанд. Ин нишондиҳанда худ далели рушду тавсеаи соҳа ва таваҷҷуҳи афзояндаи мардум ба имкониятҳои Хатлон мебошад.
Ҳамзамон, дар Форум раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонону иштирокчиён суханронӣ намуда, доир ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Ҳадафи асосии Форуми имрӯза муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фароҳам овардани замина барои ҳамкории судманд миёни шарикон ва соҳибкорони соҳа мебошад. Ҳамзамон, форум ба тарғиби иқтидорҳои сайёҳӣ, рушди инфрасохтори муосир, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳифзу истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ, инчунин баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ равона гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Форум кори худро тибқи барнома дар се бахш идома медиҳад:
1. Рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ;
2. Сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ: рушди устувори инфрасохтор ва иқтидорҳои табиӣ;
3. Фарҳанги эҷодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: омили рушд ва шиносоии Хатлон дар арсаи байналмилалӣ.
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Хатлон-сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» байни ширкатҳо, муассисаҳо ва субъектҳои хоҷагидории вилоят бо шарикони дохилию хориҷӣ 60 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи иттилои масъулон, маблағи умумии созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми баимзорасида беш аз 24 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Санадҳои мазкур самтҳои рушди сайёҳӣ, ҷалби сармоя, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлонро дар бар мегиранд.
Зикр гардид, ки имзои ин санадҳо барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби бештари сармоя ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Итминони комил карда шуд, ки натиҷаҳои ин Форум ба таҳкими ҳамкориҳои судманд, рушди лоиҳаҳои муштарак ва болоравии кишвари азизамон, бахусус вилояти Хатлон дар харитаи сайёҳии минтақа мусоидат хоҳанд кард.
“ХАТЛОН”
Навид
Раиси вилоят
Хабарҳои рӯз
ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ «ХАТЛОН: САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЙЁҲАТ»
- 08.06.2026
- Latest Update: 08.06.2026 11:51
- 8
- Less than a minute
ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ «ХАТЛОН: САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЙЁҲАТ»
You can share this post!

