РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҲОЛУ АҲВОЛИ СОКИНОН ВА СОБИҚАДОРОН ПАЙВАСТА ХАБАР МЕГИРАНД

БАЛҶУВОН, 30 май. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҳоли сокини деҳаи Мулконии ноҳия Ҷабборов Мирзошариф, ки солҳои зиёд дар соҳаи телевизион фаъолият намудааст, хабар гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳ ба аҳволи пирони рӯзгордида, собиқадорони меҳнат ва шахсоне, ки солҳои тӯлонӣ ба халқу Ватан хизмати содиқона намудаанд, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Раиси вилояти Хатлон зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сокинон, аз ҷумла пирони рӯзгордида ва собиқадорон мулоқоту суҳбат намуда, аз вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.

Зимни аёдати Мирзошариф Ҷабборов раиси вилоят бо шароити зиндагӣ, рӯзгори оилавӣ ва вазъи иҷтимоии ӯ аз наздик шинос шуданд. Гуфта шуд, ки номбурда солҳои зиёд ҳамчун корманди техникии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият намуда, дар рушди соҳаи иттилоот ва телевизиони кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Раиси вилояти Хатлон аз фаъолияти меҳнатии ин собиқадори соҳа ёдовар шуда, хизматҳои содиқонаи ӯро қадрдонӣ намуданд. Таъкид гардид, ки эҳтиром ва дастгирии шахсоне, ки солҳои тӯлонӣ баҳри пешрафти ҷомеа ва давлат заҳмат кашидаанд, қарзи маънавии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот раиси вилоят ба масъулони мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор дастуру супориш доданд, ки масъалаҳои вобаста ба дастгирии иҷтимоии собиқадорон ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles