БАЛҶУВОН, 30 май. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор намуда, муроҷиатҳои сокинонро оид ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ва маишӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни қабул шаҳрвандон бо дархосту пешниҳодҳои худ ба роҳбари вилоят муроҷиат намуда, барои ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим мусоидат хостанд. Аз ҷумла, сокинон оид ба азнавсозии бомпӯши толори варзишӣ, ҷудо намудани техникаи роҳсозӣ барои беҳтар намудани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, кашидани хатҳои барқ, ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва расонидани кумак барои сохтмони манзил муроҷиат намуданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни қабули шаҳрвандон ҳар як муроҷиатро бо масъулияти баланд мавриди омӯзиш қарор дода, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва ҳалли саривақтии масъалаҳои пешниҳодшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, ба ин масъалаҳо бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Пас аз анҷоми қабули шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон бо фаъолон, собиқадорон, намояндагони касбу кори гуногун ва сокинони ноҳияи Балҷувон мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба истифодаи самараноки замин, иҷрои нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан картошка, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027, захира намудани маводи зарурӣ, омодасозии муассисаҳои иҷтимоӣ ба давраи сармо ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон дар суханронии худ ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба донишомӯзӣ, касбомӯзӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди устувори ҳар як минтақа аз фаъолияти муштараки мақомоти давлатӣ ва иштироки фаъоли сокинон вобастагӣ дошта, танҳо тавассути меҳнати содиқона, истифодаи оқилонаи имкониятҳо ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар анҷоми мулоқот раиси вилоят ба сокинони ноҳияи Балҷувон барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ташаббусҳои бунёдкорона ва иштироки фаъолона дар рушди ноҳия изҳори сипос намуда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам бештар ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

