БАЛҶУВОН, 30 май. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни бунёди боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия ва як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд, боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия дар майдони 9 гектар бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар он бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони ҳимматбаланд идома доранд. Тибқи лоиҳа, дар ҳудуди боғ шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон фароҳам оварда шуда, баъди ба истифода додан он ба яке аз маконҳои асосии фарҳангиву фароғатии ноҳия табдил хоҳад ёфт.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба сифати иҷрои корҳои бунёдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ, кабудизоркунӣ, ободонии муҳити атроф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати шаҳрвандон тавсияҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти муҳим барои ғанӣ гардонидани фазои фарҳангиву фароғатии ноҳия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, чунин иқдомҳо барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурию хизматрасонӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ низ боздид ба амал оварданд. Масъулон иттилоъ доданд, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бунёду азнавсозии 258 иншоот ба нақша гирифта шуда буд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, то имрӯз 264 иншоот пурра сохта ва мавриди истифода қарор гирифтааст, ки аз иҷрои барзиёди нақша ва саҳми назарраси сокинон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар корҳои созандагӣ шаҳодат медиҳад.
Бо вуҷуди иҷро гардидани нақшаи пешбинишуда, ҳоло дар зиёда аз 40 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, сокинони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки ҷашни муҳими миллиро бо дастовардҳои арзанда ва иншооти нави иҷтимоиву хизматрасонӣ истиқбол намоянд.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо иншоот ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат, риояи стандартҳои муосири сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Зикр гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замон анҷом дода шуда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи ноҳия хизмат намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

