РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ДЕҲАИ МУЛКОНИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БОЗДИД НАМУДАНД

БАЛҶУВОН, 30 май. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии сокинон, ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Балҷувон рафтанд.

Сафари кории раиси вилоят аз деҳаи Мулкони ноҳия оғоз гардид. Дар оғози боздид Давлаталӣ Саид бо сокинони деҳа мулоқот намуда, аз корҳои ободониву созандагие, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки сокинони деҳаи Мулкон ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назарраси ободониро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, даромадгоҳи деҳа пурра навсозӣ гардида, зиёда аз 4 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш шудааст. Ҳамчунин, дар канори роҳҳо корҳои бетонӣ ва сохтмони ҷӯйборҳои обгузар анҷом ёфта, барои беҳтар намудани инфрасохтори деҳа тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Таъкид гардид, ки сокинони деҳа дар баробари корҳои анҷомдода, нақша доранд дар ояндаи наздик як майдончаи муосири варзишӣ барои бозии футбол бунёд намоянд. Ба гуфтаи масъулон, ин иқдом барои ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, рушди тарзи ҳаёти солим ва истифодаи самараноки вақти холии наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Илова бар ин, дар доираи корҳои ободонӣ чароғонкунии роҳҳои дохилии деҳа низ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо сокинон иброз доштанд, ки чунин ташаббусҳои созанда аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории фаъоли шаҳрвандон дар рушди маҳал шаҳодат медиҳанд. Зикр гардид, ки имрӯз бо дастгирии аҳолӣ, соҳибкорон ва фаъолони ҷомеа дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, симои шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад.

Раиси вилоят ба сокинон барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободонӣ изҳори сипос намуда, онҳоро ба таҳкими минбаъдаи корҳои созандагӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles