ЁВОН, 25 май. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69, воқеъ дар деҳаи Тағойободи Болои ҷамоати деҳоти Обшорон боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 синфхона ва 8 утоқи корӣ мебошад. Иншоот барои таълиму тарбияи 1450 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан ба беҳтар шудани шароити таҳсил ва фароҳам гардидани имкониятҳои бештар барои хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Масъулин зикр намуданд, ки сохтмони бино бо саҳми сокинони маҳаллӣ, соҳибкорони ватандӯст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон амалӣ шуда истодааст. Ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ ва ҷомеа дар татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардидани шароити таълим дар маҳал мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Хатлон аз рафти корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланди сохтмон, риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва васеъ намудани имкониятҳои мавҷудаи соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст аҳамияти калон дорад.
Сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди МТМУ №69 ҳамчун яке аз иншооти муҳими иҷтимоӣ дар деҳаи Тағойобод ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ дар ноҳияи Ёвон мусоидат хоҳад намуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

