ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ АНОРИСТОНИ НОҲИЯИ ЁВОН

ЁВОН, 25 май. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими ифтитоҳи Маркази саломатӣ, воқеъ дар деҳаи Анористони ҷамоати деҳоти Обшорон иштирок намуданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ташхису муолиҷа бунёд гардидааст. Маркази саломатӣ бо саҳми сокинони маҳаллӣ ва дастгирии фаъолони деҳа ба маблағи 477 ҳазор сомонӣ сохта шуда, барои хизматрасонии тиббӣ ба 3600 нафар аҳолии деҳаи Анористон ва маҳаллаҳои атроф пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассиса иттилоъ дода шуд, ки марказ аз 7 утоқи корӣ ва як таҳхона иборат буда, барои қабули беморон ва расонидани хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ бо шароити зарурӣ таъмин гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи тиббӣ 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Аз ҷумла, дар марказ як табиб, як бародари тиббӣ, ду ҳамшираи шафқат ва як корманди техникӣ фаъолият хоҳанд намуд.

Қайд гардид, ки барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти марказ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти зарурии тиббӣ дастрас карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сокинон аксари хизматрасониҳои аввалияи тиббиро бидуни муроҷиат ба муассисаҳои дурдаст дастрас намоянд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо кормандони соҳа ва сокинон таъкид намуданд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бунёди чунин муассисаҳо ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва баланд шудани сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles