ЁВОН, 25 май. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маркази ноҳияи Ёвон гулгашти нави фарҳангиву фароғатӣ бо ҷойгир намудани муҷассамаи «Рамзи футбол» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳамзамон фестивали бошукӯҳи футбол бо иштироки васеи варзишгарон, ҷавонону наврасон ва сокинони ноҳия баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти нав ва чорабиниҳои идона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, аз шароити муҳайёгардида ва барномаҳои варзишиву фарҳангии фестивал боздид намуданд.
Гулгашти мазкур дар кӯчаи Меҳвари ҷамоати шаҳраки Ёвон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои марбут ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бунёд гардидааст. Тавре маълум аст, 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дар асоси Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалии варзиши миллӣ ба ҳисоб меравад.
Гулгашт дар масоҳати 1500 метри мураббаъ сохта шуда, дар маркази он муҷассамаи бошукӯҳи «Рамзи футбол» бо баландии 12 метр насб гардидааст. Ҳудуди иншоот бо нишастгоҳҳои замонавӣ, чароғҳои равшанидиҳанда, дарахтони ороишию ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ оро ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар идомаи чорабинӣ фестивали футбол баргузор гардид, ки дар он варзишгарони наврасу ҷавон маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Машқҳои намоишӣ, барномаҳои саҳнавии варзишӣ ва ҳунарнамоии иштирокчиён ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хос бахшид.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки таҳти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш, бахусус футбол, дар кишвар рушду густариши бесобиқа касб намудааст. Маҳз таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумат ба рушди инфрасохтори варзишӣ, омода намудани варзишгарони ҷавон ва ташкили мусобиқаҳои гуногун барои тарбияи насли солим, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ нишонаи мақому нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, саҳми кишварро дар рушди варзиш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд.
Дар доираи фестивал миёни дастаҳои наврасон ва ҷавонон мусобиқаҳои дӯстона доир гардида, иштирокчиён маҳорати баланди варзишӣ, рӯҳияи рақобати солим ва эҳсоси дӯстиву ҳамбастагиро ба намоиш гузоштанд. Барномаҳои фарҳангӣ, сурудҳои ватандӯстона ва ҳунарнамоии аҳли фарҳанг низ ба фазои идона шукӯҳи бештар бахшиданд.
Фестивали футбол ва ифтитоҳи гулгашти «Рамзи футбол» дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ҳамчун рамзи дастгирии давлатии соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди футбол миёни ҷавонон арзёбӣ гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

