ГУЗОШТАНИ ХИШТИ АВВАЛ ДАР БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №10 ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ГУЗОШТАНИ ХИШТИ АВВАЛ ДАР БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №10 ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ЁВОН, 25 май. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими гузоштани хишти аввал барои сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, воқеъ дар деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов иштирок намуданд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 22 синфхона, 3 утоқи корӣ ва 5 озмоишгоҳ (лаборатория) ҷойгир хоҳад шуд. Иншооти мазкур барои фарогирии 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки сохтмони бино бо саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Бонки рушди Осиё амалӣ мегардад. Дар доираи ин ҳамкорӣ инчунин барои 30 нафар хонанда стипендия ҷудо шуда, ҳар моҳ ба ҳар кадоми онҳо маблағи 108 доллари амрикоӣ пардохт карда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон аҳамияти рушди инфрасохтори соҳаи маорифро таъкид намуда, иброз доштанд, ки муҳайё намудани шароити муосири таҳсил барои насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Ба масъулон дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом дода шаванд.

Ҳамчунин ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ёвон сохтмони боз ду муассисаи таълимӣ низ оғоз гардидааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Чашмасор-1 сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 240 ҷойи нишаст ва дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 барои 240 ҷойи нишаст ҷараён дорад.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар самти рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон дар ноҳияи Ёвон нақши муҳим хоҳад дошт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles