РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН БОЗДИД НАМУДАНД

ЁВОН, 25 май. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии таълимии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72, воқеъ дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти Даҳана боздид намуданд.

Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 16 синфхона ва 2 утоқи корӣ ҷойгир карда мешавад. Иншоот барои фарогирии 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва кам намудани норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Тибқи маълумот, сохтмони бино бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Акмал Ғуломов амалӣ шуда истодааст. Ин иқдом намунаи равшани дастгирии соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст буда, барои рушди инфрасохтори таълимӣ дар минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба сифати иҷрои корҳо, риояи талаботи сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани иншоот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири таҳсил барои насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ин раванд нақши муҳим дорад.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони муассисаҳои таълимӣ идома дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.

Масъулин вазифадор карда шуданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир идома дода, иншоотро дар муҳлатҳои пешбинишуда мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles