ШАНБЕ, 23 май. Имрӯз дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти давлатӣ маросими гулчанбаргузорӣ ва гиромидошти хотираи Қаҳрамонони халқи тоҷик — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид.
Зимни ин маросим таъкид гардид, ки иқдоми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ба Ватан баргардондани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад.
Иштирокчиёни маросим бо гузоштани гулчанбар ва гулдастаҳо назди оромгоҳи қаҳрамонони миллат ба рӯҳи поки онҳо эҳтиром гузошта, саҳми арзишманд ва мондагори онҳоро дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории тоҷикон пос доштанд.
Қайд гардид, ки бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз хориҷи кишвар ба Ватан оварда шуда, ин иқдом ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо ва эҳёи адолати таърихӣ арзёбӣ мегардад.
Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки ин шахсиятҳои барҷаста дар яке аз давраҳои ҳассоси таърихи миллат барои ҳифзи манфиатҳои тоҷикон ва бунёди давлатдории миллӣ хизматҳои бузург анҷом додаанд. Маҳз бо талошу муборизаҳои онҳо пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким ёфта, Тоҷикистон ҳамчун воҳиди мустақили сиёсиву маъмурӣ дар харитаи минтақа ҷойгоҳи худро пайдо намуд.
19 майи соли 2026 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат иштирок намуда, ин иқдомро нишонаи эҳтиром ба таърих, қадршиносии хизматҳои фарзандони содиқи миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ карданд.
Иштирокчиёни маросим иброз доштанд, ки ба таври бошукӯҳ ба Ватан овардани мушти хоки қаҳрамонони миллӣ аз ғурбат на танҳо барқарорсозии адолати таърихӣ, балки омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, бедории шуури таърихӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои бузурги миллат ва эҳтиром ба мероси фарҳангиву маънавии тоҷикон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

