Ҷавонони саодатманди вилояти Хатлон!
Варзишгарон ва дӯстдорони футбол!
Бо эҳсоси баланди ифтихор ҳамаи Шуморо ба муносибати ду санаи муҳиму фараҳбахш — Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки Шумо саломатӣ, иродаи қавӣ, нерӯи созанда ва дар роҳи ватансозиву ободгарӣ дастовардҳои нав орзу менамоям.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун иқдомҳои муттаҳидкунанда ва башардӯстона пазируфта мешаванд.
Дар радифи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро қабул намуда, 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистони азизро таҳким бахшида, собит намуд, ки кишвари мо имрӯз ташаббускори арзишҳои муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Инак, соли сеюм аст, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Ин ҷашн танҳо ҷашни варзиш нест.
Ин ҷашни дӯстӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми миллатҳо мебошад.
Ҷавонони азиз!
Футбол инсонро ба интизом, иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва мубориза барои расидан ба ҳадаф тарбия мекунад.
Ҳар як бозигар дар майдон меомӯзад, ки ғалаба танҳо бо маҳорати шахсӣ ба даст намеояд, балки ваҳдат, эътимод ва ҳамдигарфаҳмии даста асоси пирӯзист.
Маҳз ҳамин арзишҳо футболро ба мактаби бузурги зиндагӣ табдил додаанд.
Бо дастгирии доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз футбол дар Тоҷикистон бесобиқа рушд намуда истодааст.
Дар солҳои охир дар тамоми мамлакат садҳо майдонҳои муосири варзишӣ сохта шуда, барои наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Танҳо дар вилояти Хатлон давоми чор соли охир 151 иншооти нави варзишӣ бо маблағи зиёда аз 200 миллион сомонӣ бунёд гардида, имрӯз ба мардум хизмат мерасонанд.
Айни замон дар вилоят 42 варзишгоҳ ва зиёда аз 3300 майдончаи хурди футбол фаъолият дорад.
Ин имкониятҳо замина гузоштанд, ки ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш, махсусан футбол, рӯз аз рӯз афзоиш ёбад.
Имрӯз дастаҳои футболи вилояти Хатлон дар лигаҳои оливу якум ва дуюми мамлакат фаъолона иштирок намуда, ҷавонони соҳибистеъдоди моро муаррифӣ мекунанд.
Қобили таъкид аст, ки танҳо дар соли 2026 барои дастгирии дастаҳои футболи вилоят аз ҳисоби буҷети вилоятӣ тақрибан 25 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ин ҳама нишонаи таваҷҷуҳи махсус ба рушди варзиш ва тарбияи ҷавонони солиму ватандӯст мебошад.
Моҳи май барои ҷавонони кишвар моҳи ифтихор ва худшиносӣ аст.
Чорабиниҳое, ки дар доираи Моҳвораи ҷавонон баргузор мегарданд, ҷавононро ба ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва зиндагии солим раҳнамоӣ мекунанд.
Имрӯз ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа мебошанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи ҷавонон дар вилояти Хатлон беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин қувваи азими созанда барои рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Мо ба ҷавонони худ эътимоди комил дорем. Зеро маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва иродаманд ояндаи Тоҷикистони азизро месозанд.
Имрӯз дар шароити ҷаҳони босуръат тағйирёбанда ҳар як ҷавон бояд соҳиби дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди миллӣ бошад.
Бо ҳамин мақсад, солҳои 2026–2030 дар вилояти Хатлон “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидаанд, ки барои баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мо итминони комил дорем, ки ҷавонони вилояти Хатлон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саодатмандӣ, пирӯзиҳои нав ва ояндаи дурахшон орзу менамоям.
Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

