ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА ҲАНДАЛАК ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Имрӯз, 22 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили картошка ва маҳсулоти полезӣ дар хоҷагии деҳқонии «Файз»-и ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ боздид намуда, бо фаъолияти кишоварзон ва натиҷаи меҳнати онҳо аз наздик шинос гардиданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ ҳамасола аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ, аз қабили тарбуз, ҳандалак, помидор, бодиринг ва картошкаро ба бозорҳои дохилӣ пешниҳод менамоянд. Имсол низ бо шарофати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва меҳнати софдилонаи деҳқонон ҳосили фаровон ба даст омада, даҳҳо тонна маҳсулоти кишоварзӣ на танҳо ба бозорҳои кишвар, балки ба хориҷи мамлакат низ содирот гардидааст.

Ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Файз» дар майдони 5 гектар фаъолият дошта, аз ин ҳисоб дар 2,5 гектар полезӣ, дар 1 гектар картошка ва дар қисми боқимонда дигар намуди зироатҳои кишоварзӣ парвариш карда мешаванд. Имсол ҳосили ҳандалаки барвақтӣ ва картошка назаррас буда, деҳқонон аз ҳар як қитъаи замин самаранок истифода бурдаанд.

Тибқи гуфтаи масъулини хоҷагӣ, фурӯши ҳандалаки барвақтӣ аз аввали моҳи май оғоз гардида, ҳар донаи он аз сари замин бо нархи 10 сомонӣ ба харидорон пешниҳод шудааст. Ин имконият фароҳам овардааст, ки хоҷагидорон фоидаи хуб ба даст оварда, барои густариши фаъолияти худ заминаи мусоид муҳайё созанд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо кишоварзон ва масъулини соҳа аз фаъолияти пурсамари онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои истифодаи оқилона ва самараноки ҳар ваҷаб замини обӣ баёнгари сипосу миннатдорӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як хоҷагидор маҳсуб ёфта, бояд имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шаванд.

Ҳамзамон, ба кишоварзон дастур дода шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро боз ҳам зиёд намоянд ва дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии мамлакат саҳми бештар гузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles