БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Имрӯз, 21 май, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ, рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона, истифодаи самараноки замин ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид намуда, бо сокинону фаъолони маҳаллӣ мулоқоту суҳбат анҷом доданд.

Зимни сафар раиси вилоят дар деҳаи Регдашти ҷамоати деҳоти Қумсангир дар маросими санги асос гузоштани муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдак иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дуошёна буда, бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, дар ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи ҷашни миллӣ сохтмони зиёда аз 500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 389 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки беш аз 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карднд, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзанда барои таълиму тарбияи кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти ибтидоӣ ва ташаккули насли донишманду соҳибкасб заминаи мусоид фароҳам месозад.

Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида шаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles