БОХТАР: ИШТИРОКИ ЗИЁДА АЗ 30 ҲАЗОР НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Имрӯз, 17 май дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Чорабинии оммавии варзишӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва ҷалби сокинон ба машқу тамрини варзишӣ арзёбӣ гардид.

Дар ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон, ҷавонон ва ҳазорон нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ барои таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли солиму фаъол ва рушди соҳаи варзиш аҳамияти махсус дорад.

Зикр гардид, ки маҳз тавассути рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим метавон ҷомеаи неруманду созанда бунёд кард. Аз ин рӯ, дар кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Тибқи маълумот, дар Дави миллӣ зиёда аз 30 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1200 нафар иштирок намуданд. Иштирокчиён масири муайяншударо бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси ватандӯстӣ тай намуда, фазои идонаро ба вуҷуд оварданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва фаъолони мусобиқа диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, ҳар якшанбеи сеюми моҳи май, дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles