Дар ноҳияи Кӯшониён бо истифодаи самараноки замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ деҳқонон ба натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардида истодаанд. Айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия беш аз 24 ҳазор гектар замини обӣ мавҷуд буда, кишоварзон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли ҷорӣ пахтакорони ноҳия дар масоҳати 10 ҳазору 500 гектар замин кишти пунбадона гузаронидаанд. Ҳамзамон, барои таъмини бозорҳои истеъмолӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар 502 гектар картошка, 210 гектар пиёз ва инчунин сабзавоту полезӣ кишт карда шудааст.
Дар доираи сафари корӣ раиси Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар кооперативи тиҷоратии “Борбад” иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 16,25 гектар замини корам буда, саҳмдорони он имсол дар майдони 1 гектар картошка, 0,25 гектар пиёз, 1 гектар сабзӣ, 1 гектар гандум ва 13 гектар пунбадона кишт намудаанд.
Саҳмдорони хоҷагӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи талаботи агротехникӣ тавонистаанд ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гарданд. Айни ҳол онҳо ба ҷамъоварии ҳосили картошка машғул буда, аз ҳосили бадастомада изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Ба гуфтаи саҳмдорон, имсол барои кишти картошка аз тухмии навъи “Ғончӣ” истифода бурда шудааст, ки ба шароити иқлимии минтақа мувофиқ буда, ҳосилнокии баланд медиҳад.
Коршиносон бар онанд, ки истифодаи тухмии босифат, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва меҳнати софдилонаи деҳқонон заминаи асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳия ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

