ХАТЛОН: ИҶРОИ НАҚШАИ ҚАБУЛИ ПИЛЛА БА 76,9 ФОИЗ РАСИД

Тибқи маълумоти фаврии ҶСК «Пиллаи Тоҷик», то 13 майи соли 2026 раванди қабули пилла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дошта, иҷрои нақша дар маҷмӯъ ба 76,94 фоиз расонида шудааст.

Барои мавсими соли 2026 дар вилояти Хатлон истеҳсол ва ҷамъоварии 210,210 тонна пиллп ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 161,73 тонна пилла қабул гардидааст. Дар як шабонарӯзи охир низ 1,75 тонна пилла ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст.

Аз рӯи нишондиҳандаҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Дӯстӣ аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошанд, ки нақшаро пурра ва ё зиёда аз 100 фоиз иҷро намудаанд. Аз ҷумла:

– ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – 22,100 тонна пилла, иҷрои нақша 102,04 фоиз;

– ноҳияи Ёвон – 20,800 тонна, иҷрои нақша 100,96 фоиз;

-ноҳияи Дӯстӣ – 16,900 тонна, иҷрои нақша 100 фоиз.

Ҳамчунин ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Левакант, Вахш, Восеъ, Шаҳритус, Кӯшониён ва Данғара низ дар қатори ноҳияҳое қарор доранд, ки суръати нисбатан хуби ҷамъоварии пилларо нишон медиҳанд.

Дар баробари ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Темурмалик, Балҷувон, Фархор, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Кӯлоб нишондиҳандаҳо ҳанӯз паст буда, масъулон барои вусъат бахшидани корҳои қабул ва иҷрои пурраи нақша тадбирҳои иловагӣ меандешанд.

Масъулини соҳа таъкид мекунанд, ки мавсими ҷамъоварии пилла дар вилояти Хатлон идома дошта, барои иҷрои пурраи нақша ва таъмини рушди соҳаи кирмакпарварӣ корҳои ташкилӣ тақвият дода мешаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles