КӮЛОБ. СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ТАҲТИ РАЁСАТИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

Дар пайи рух додани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки тамоми сохторҳои дахлдор бояд корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Қайд гардид, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ аллакай фаъолияти худро оғоз намуда, барои муайян намудани ҳаҷми пурраи хисорот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори зарардида чораҳои мушаххас амалӣ карда истодааст.

Ба иттилои масъулон, бар асари офати табиӣ тахминан 850 оила зарар дидааст. Дар ин замина, таъмини оилаҳои зарардида бо маводи аввалияи хурока ва ниёзи рӯзмарра яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки дар наздиктарин фурсат кумакҳои яквақтаинаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои осебдида расонида мешаванд, зеро вазъ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷаласа оид ба вазъи баамаломада ва тадбирҳои то имрӯз андешидашуда суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ тамоми имконияту захираҳои мавҷуда сафарбар гардидаанд. Таъкид гардид, ки корҳои тозакунии маҳалҳои осебдида, барқарорсозии инфрасохтори зарардида ва расонидани кумакҳои аввалия ба аҳолӣ босуръат идома доранд.

Дар ҷараёни муҳокима аз таҷрибаи бартарафсозии офатҳои табиии солҳои гузашта ёдовар шуда, саҳми маблағгузорӣ ва кумакҳои Пешвои миллат дар барқарорсозии минтақаҳои осебдида махсус таъкид гардид. Сарвазири мамлакат ҳамзамон дастур дод, ки дар минтақаҳои хавфнок корҳои мустаҳкамсозӣ ва пешгирӣ пурзур гардида, лоиҳаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва деворбандӣ дар кутоҳтарин муҳлат таҳия ва пешниҳод карда шаванд.

Таъкид гардид, ки назорати доимии минтақаҳои хавфнок бояд дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, аҳолии осебдида бо маводи сӯзишворӣ, оби нӯшокӣ ва неруи барқ сари вақт таъмин карда шаванд.

Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба тамоми сохторҳо ва кормандони хизматрасон, ки дар шабонарӯзи гузашта дар паҳлуи мардум қарор дошта, барои коҳиш додани оқибатҳои офат саҳм гузоштанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Ҳамзамон, зимни ҷаласа ба масъалаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ бояд боз ҳам тақвият дода шуда, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида шавад. Зикр шуд, ки айни замон бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ҳоли сохтмон қарор дошта, ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамаи масъалаҳои марбут ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва рушди минбаъдаи тамоми бахшу соҳаҳо дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифта, барои иҷрои онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles