БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМО ВА КОРКАРДИ БАЙНИ ҚАТОРҲОИ ПАХТА ДАР ҶДММ “ПАХТАИ КӮЛОБ”

1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб аз рафти нашъунамо ва коркарди байни қаторҳои пахта дар ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” боздид намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар хоҷагии мазкур пахта дар майдони 1320 гектар бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва техникаи замонавӣ кишт гардидааст. Барои кишт тухмиҳои чигити навъи “Элита”, ки аз хориҷи кишвар ворид шудааст, истифода бурда шуда, баромади ниҳолҳо 100 фоиз таъмин гардидааст.

Айни замон корҳои коркарди байни қаторҳо, ғизодиҳии пахтазор ва нигоҳубини агротехникӣ бо маром идома дошта, барои нобуд намудани алафҳои бегона дар қитъаҳои алоҳида коркард бо истифода аз заҳрхимикатҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон, барои иҷрои корҳои дастӣ шумораи муайяни аҳолӣ ба саҳро ҷалб гардидааст.

Илова бар ин, аз ҷониби ширкат дар заминҳои дигар 7 гектар картошка, 113 гектар юнучқа ва 308 гектар ғалладонагиҳо кишт карда шудааст, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Раиси вилоят зимни боздид ба масъулон ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи самараноки замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи пахтакорӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисодиёти кишвар бояд бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешрафта ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки истифодаи тухмиҳои баландсифат ва ташкили дурусти корҳои агротехникӣ заминаи асосии ба даст овардани ҳосили фаровон ва босифат ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles