1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Балҷувон аз ҷараёни корҳои сохтмон ва мумфаршкунии роҳи аҳамияти маҳаллидошта дар деҳаи Некмардони ҷамоати деҳоти Сафобахш боздид намуданд.
Тибқи иттилоъ, роҳи мазкур бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дарозии он 3,8 километрро ташкил медиҳад. Корҳои роҳсозӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити рафтуомади аҳолӣ, осон гардидани дастрасӣ ба маркази ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки баъди анҷоми корҳои мумфаршкунӣ мушкилоти чандинсолаи сокинон дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт бартараф гардида, равуои мардум, махсусан дар фаслҳои боришот, хеле осон мегардад. Инчунин, роҳи нав барои рушди фаъолияти иқтисодӣ ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо фаъолону сокинони деҳа иқдоми онҳоро намунаи ибрат ва ҳиссаи арзанда дар корҳои ободонӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки маҳз бо чунин ташаббусҳои созанда маҳалҳо рӯз то рӯз ободу зебо мегарданд.
Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати риояи меъёрҳои техникӣ, таъмини сифати баланди корҳои роҳсозӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

