БАЛҶУВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ТАЪМИР ВА МУМФАРШКУНИИ РОҲ ДАР ДЕҲАИ ЧИНОРО

1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Балҷувон аз ҷараёни корҳои таъмир ва мумфаршнамоии роҳи аҳамияти маҳаллидошта дар деҳаи Чиноро боздид намуданд. Тибқи иттилоъ, корҳои роҳсозӣ дар масофаи 9 километр бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ амалӣ гардида истодааст.

Гуфта шуд, ки ин иқдоми хайрхоҳона бо мақсади беҳтар намудани шароити рафтуомади сокинон ва меҳмонон, инчунин фароҳам овардани имконияти мусоид барои рафтани хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар фаслҳои зимистон ва баҳор, ки боришоти зиёд ба қайд гирифта мешавад, роҳандозӣ гардидааст. Пас аз анҷоми пурраи корҳои мумфаршкунӣ, сокинон метавонанд дар тамоми фаслҳои сол бидуни мушкил дар дохили деҳа равуо намоянд.

Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинон ташаббуси онҳоро шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба миллату давлат номиданд. Таъкид гардид, ки саҳми сокинон ва соҳибкорон дар ободонии маҳалҳо хеле муҳим буда, маҳз бо чунин корҳои дастаҷамъона сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.

Ҳамзамон, раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати корҳои роҳсозӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles