ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ МУОСИРИ ВАРЗИШӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ДЕҲАИ КУЧАБОҒ

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ майдончаи варзишии футболро, ки дар деҳаи Кучабоғ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Сайдалиев Алишер бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иншооти мазкур бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои ҷавонон ва дӯстдорони варзиш шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар паҳлуи майдонча сохтмони ҳавзи оббозӣ низ идома дошта, он баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои истироҳат, солимгардонӣ ва баргузории машқу тамринҳои варзишӣ хизмат хоҳад кард.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи иншоот иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи варзиш арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин ташаббусҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аҳамияти муҳим доранд.

Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин иншооти варзишӣ дар деҳа имконият фароҳам меорад, то мусобиқаҳо ва чорабиниҳои гуногуни солимгардонӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, сатҳи оммавияти варзиш дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, боло бурда шавад.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026 дар вилояти Хатлон сохтмони беш аз 130 иншооти варзишии дигар идома дошта, ин раванд барои татбиқи ҳадафҳои ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти рушди футбол заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идома раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иншооти варзишӣ ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles