ВОСЕЪ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СИНО-2010”

Имрӯз, 1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Сино-2010” боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Сино-2010” дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов ҷойгир буда, дар масоҳати 20 гектар замин ташкил карда шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар заминҳои хоҷагӣ пахтаи зери плёнка дар масоҳати 12 гектар, зироатҳои полезӣ 2 гектар, гандум 3 гектар, картошка 0,5 гектар ва сабзавот 2,5 гектар кишт гардида, нашъунамои онҳо хуб арзёбӣ мегардад.

Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои агротехникӣ шинос шуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, рушди соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бояд дар меҳвари фаъолияти хоҷагиҳо қарор дошта бошад. Дар ин замина, зарур шумурда шуд, ки бо ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шаванд.

Ҳамзамон, раиси вилоят саҳми деҳқононро дар таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро барои фаъолияти боз ҳам самаранок ва истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles