Имрӯз, 1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ аз ҷараёни корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Гулистон боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои мумфаршкунӣ дар масофаи 4 километр бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳа амалӣ гардида истодааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистон ба нақша гирифта шуда, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расонида мешаванд. Барои татбиқи ин иқдоми муҳим аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 3 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳамзамон дар доираи ин иқдом беш аз 6 км роҳ равшаннамоӣ карда мешавад.
Раиси вилоят зимни боздид ба соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки дар ободии Ватани азиз саҳми арзанда мегузоранд, изҳори миннатдории самимӣ намуда, чунин иқдомҳоро намунаи олии ватандӯстӣ ва ҳамкории созанда арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳар як оила, маҳалла ва шаҳру ноҳия бояд дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободии кӯчаву маҳалҳо ва беҳдошти шароити зиндагӣ саҳми муносиб гузорад.
Зикр шуд, ки дар вилояти Хатлон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бо суръати баланд идома дошта, ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Тибқи маълумот, иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилоят то имрӯз ба 112 фоиз расонида шуда, нишондиҳандаҳо барзиёд таъмин гардидаанд.
Ҳамзамон, бунёди беш аз 7000 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят самараи заҳмати софдилонаи сокинон ва саҳми арзандаи соҳибкорони ватандӯст арзёбӣ гардид. Раиси вилоят таъкид доштанд, ки чунин иқдомҳо бояд минбаъд низ идома ёфта, барои рушди устувори инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мусоидат намоянд.
Дар анҷом ба масъулони соҳа ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои роҳсозӣ ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

