Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Сафаралӣ” боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии мазкур таҳти роҳбарии Сафаралӣ Муҳриддинов фаъолият дошта, дар масоҳати 140 сотих замин ташкил карда шудааст. Аз ин миқдор 70 сотиқ зери кишти гандум қарор дошта, дар 70 сотиқи дигар картошка, пиёз ва дигар зироатҳои полезӣ ҳамчун кишти такрорӣ парвариш карда мешаванд.
Зикр гардид, ки кишоварзон баъди ҷамъоварии ҳосили ҷорӣ дар ин заминҳо кишти сеюмро ба роҳ монда, пахта кишт менамоянд. Ин таҷриба нишонаи истифодаи самараноки ҳар қитъа замин ва гирифтани чанд ҳосил аз як майдон арзёбӣ мешавад.
Раиси вилоят зимни боздид ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки истифодаи оқилонаи замин, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва сеюм, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ аз вазифаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, ба масъулон ва деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

