Имрӯз, 1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, рафти корҳои саҳроӣ, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба минтақаи Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд.
Дар оғози сафари корӣ раиси вилоят дар ноҳияи Фархор аз рафти нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Қаюмов Ҷурахон” боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии мазкур дар ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Роҳи нав ҷойгир буда, дар масоҳати 16 гектар замин ташкил карда шудааст. Роҳбари хоҷагӣ Қаюмов Юсуфхон буда, хоҷагӣ дорои 53 нафар саҳмдор мебошад.
Зикр гардид, ки заминҳо самаранок ва сарфакорона истифода шуда, дар ҳамаи 16 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Айни ҳол нашъунамои зироат хуб арзёбӣ гардида, корҳои агротехникӣ тибқи талабот идома доранд.
Зимни боздид раиси вилоят ба масъулон ва кишоварзон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ омили муҳими беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

