Имрӯз, 28 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав рафта, аз рафти ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ боздид намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят аз фаъолияти деҳқонон ва ҳолати киштзорҳо аз наздик шинос шуда, бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбати озод анҷом доданд. Қайд гардид, ки дар натиҷаи истифодаи дурусти замин, интихоби тухмии босифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили пиёзи барвақтӣ дар аксари хоҷагиҳо хуб ва қаноатбахш мебошад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо деҳқонон таъкид намуданд, ки ҷамъоварии саривақтӣ ва талафотнокардани ҳосил, инчунин таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар аҳамияти муҳим дорад. Дар баробари ин, ба масъулон дастур дода шуд, ки барои ташкили дурусти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулот чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои аз ҷамъоварии пиёз холишуда, супориш дода шуд, ки дар онҳо кишти такрорӣ, махсусан кишти пахта ва дигар зироатҳои мавсимӣ ба роҳ монда шавад.
Зикр гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Дар анҷоми боздид раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба деҳқонон барои заҳмати содиқона изҳори сипос намуда, ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳо доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

