Имрӯз, 14 апрел, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и шаҳри Бохтар ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид раванди муаррифӣ ва амалишавии барномаи “E-khonish” пешниҳод гардид.
Зикр шуд, ки барномаи мазкур бо мақсади автоматикунонии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва вусъат бахшидани рақамикунонии соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ шудааст. Ин низом имкон медиҳад, ки идоракунии равандҳои таълимӣ, баҳогузорӣ ва ҳамкории омӯзгорон, хонандагон ва волидон ба таври муосир ва шаффоф амалӣ гардад.
Дар доираи татбиқи лоиҳа, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, раванди бақайдгирии электронии хонандагон, воридсозии маълумот ва аксбардории онҳо анҷом дода шудааст. То имрӯз садҳо ҳазор хонанда ба низом ворид гардида, барои зиёда аз як миллион корбар саҳифаҳои инфиродӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимӣ инфрасохтори техникӣ, аз ҷумла камераҳои мушоҳидавӣ, таҷҳизоти шабакавӣ ва дастрасӣ ба интернети баландсуръат таъмин гардида, барои истифодаи самараноки низом шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Қайд гардид, ки “E-khonish” танҳо журнал ва рӯзномаи электронӣ набуда, балки як платформаи мукаммали таълимӣ мебошад, ки имкониятҳои омӯзиши фосилавӣ, ташкили дарсҳои онлайн, истифодаи курсҳои таълимӣ ва таҳлили омории натиҷаҳои таҳсилро дар бар мегирад. Инчунин, дар дохили он зеҳни сунъии таълимӣ – AI DOVUT ҷорӣ шудааст, ки ба истифодабарандагон дар дарёфти ҷавобҳо ва ҳалли масъалаҳои таълимӣ кӯмак мерасонад.
Дар доираи лоиҳа инчунин видеодарсҳо аз фанҳои гуногун таҳия гардида, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили ихтисоси омӯзгорон истифода мешаванд.
Масъулон таъкид намуданд, ки татбиқи пурраи барномаи “E-khonish” барои муосирсозии соҳаи маориф, беҳтар намудани идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар вилояти Хатлон заминаи устувор фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

