БОЗДИДИ РАҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ҚУБОДИЁН, ШАҲРИТУС ВА НОСИРИ ХУСРАВ

8 апрел раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид роҳбарият бо деҳқонон мулоқоти самимӣ анҷом дода, доир ба рафти корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд. Деҳқонон иттилоъ доданд, ки айни ҳол кишт ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, барои ба даст овардани ҳосили фаровон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид саҳми деҳқононро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва васеъ намудани майдони кишт маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва заҳмати софдилона метавонад ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат мусоидат намояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles