ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРИИ СОКИНИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус аз фаъолияти хоҷагидории як сокини маҳаллӣ боздид намуданд.

Зимни боздид маълум гардид, ки сокини ноҳия дар ҳавлии худ ба парвариши намудҳои гуногуни чорво ва паранда машғул буда, аз ҷумла гов, асп, шутурмурғ, товус, тазарв, кабк ва дигар ҳайвонотро нигоҳубин менамояд. Ин фаъолияти хоҷагидорӣ барои таъмини рӯзгори оила ва ҳамзамон ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ саҳми назаррас дорад.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ ба кори хоҷагидории ин сокин баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо метавонанд дар рушди иқтисоди деҳот, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим бозанд. Ҳамзамон, саҳми ӯ дар таъмини бозори истеъмолӣ баланд арзёбӣ гардид.

Зикр карда шуд, ки дастгирии чунин хоҷагиҳои инфиродӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles