Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён аз рафти истифодаи самараноки замин ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Ҷомӣ», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Носири Хусрав, боздид намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагӣ аз наздик шинос шуда, ба роҳбарият ва кишоварзон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани истифодаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва густариши кишти зироатҳои серҳосил тавсияҳои муфид доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии ба номи «Ҷомӣ» соли 2013 таъсис ёфта, масоҳати умумии он 5 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин заминҳо бо риояи талаботи агротехникӣ ва истифодаи самаранок зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар 0,5 гектар картошка, 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ, 0,5 гектар гандум ва 3 гектар пахта кишт гардидааст. Ин таркиби гуногуни зироатҳо имкон медиҳад, ки хоҷагӣ ҳам барои таъминоти рӯзмарраи аҳолӣ ва ҳам барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошад.
Роҳбарии хоҷагиро Посихов Сайдраҳмон ба уҳда дошта, дар он 10 нафар саҳмдорон фаъолият менамоянд. Бо меҳнати софдилона ва истифодаи оқилонаи замин, хоҷагӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, махсусан дар шароити имрӯза, яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, таҷрибаи хоҷагии мазкур намунаи ибрат буда, бояд дар дигар хоҷагиҳо низ татбиқ карда шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

