БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КИШТИ ПАХТА ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён бо фаъолияти кишоварзон дар ҷамоати деҳоти Кайқубод шинос шуданд.

Зимни боздид раиси вилоят дар деҳаи Саридиж аз рафти кишти пахтаи зери плёнка дар хоҷагии деҳқонии «Ғориф» шинос гардида, ба истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки кишти пахта бо усули зери плёнка яке аз роҳҳои самараноки баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сарфаи захираҳо мебошад.

Ҳамзамон, Давлаталӣ Саид аз самаранок истифода бурдани замин ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар ҳамин хоҷагӣ низ дидан намуданд. Масъулин иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии «Ғориф» дар масоҳати умумии 39,3 гектар фаъолият дошта, заминҳои он бо риояи талаботи агротехникӣ ва бо истифодаи оқилона ба гардиши кишоварзӣ фаро гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, дар хоҷагӣ 25,5 гектар пахта, 6,10 гектар ғалладона, 3,55 гектар сабзавот, 1,20 гектар картошка, 0,85 гектар зироатҳои полезӣ ва 1 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки хоҷагӣ ба диверсификатсияи истеҳсолот аҳамияти ҷиддӣ дода, барои таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Роҳбари хоҷагӣ Абдуллоев Азизбек буда, дар он 78 нафар саҳмдорон ба кор ҷалб гардидаанд. Фаъолияти муназзами онҳо имкон фароҳам овардааст, ки заминҳо самаранок истифода шуда, ҳаҷми истеҳсолот афзоиш ёбад.

Раиси вилояти Хатлон ба масъулин ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи васеи таҷрибаҳои пешқадам ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles