БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲО ДАР САМТИ ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХИ МАРОКАШӢ ДАР МАВЗЕИ АСПРЕСИ НОҲИЯИ ПАНҶ

Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз рафти корҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди малахи марокашӣ дар мавзеи Аспрес боздид намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки пайдоиши малахи марокашӣ дар соли ҷорӣ аз 4 март ба қайд гирифта шуда, то имрӯз дар минтақаҳои кӯҳии ноҳия дар масоҳати 477 гектар мушоҳида гардидааст. Қайд гардид, ки дар тамоми ин масоҳат корҳои коркард ва безараргардонӣ пурра анҷом дода шудаанд.

Барои несту нобуд намудани ин ҳашароти зараррасон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, бо ҷалби сокинони маҳаллӣ ва фаъолон техника ва таҷҳизоти махсус сафарбар карда шудааст. Аз ҷумла, дар корҳои мубориза 3 адад трактор бо овеха, 2 адад автомашинаи тамғаи “Toyota”, 1 адад автомашинаи боркаши навъи УАЗ, 2 адад автомашинаи обкаш ва 40 адад дастгоҳи дорупошии дастӣ истифода бурда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз экспедитсияи мубориза бар зидди малахи ноҳияи Панҷ барои гузаронидани корҳои безараргардонӣ 240 литр заҳрхимикат дастрас намуда, коркардҳои ҳаррӯза ба роҳ монда шудаанд.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои анҷомдодашуда ба фаъолияти масъулин баҳои мусбат дода, таъкид намуданд, ки пешгирии саривақтии паҳншавии малахи марокашӣ барои ҳифзи ҳосили зироатҳои кишоварзӣ аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.

Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани чорабиниҳои мубориза, истифодаи самараноки техникаву мавод ва фарогирии пурраи минтақаҳои зери хатар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles