Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва нашъунамои картошка ва пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Фурқат», воқеъ дар деҳоти Озодагон боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Фурқат», ки роҳбарии онро Бабаев Фурқат ба уҳда дорад, соли 2017 таъсис ёфта, дорои 70 гектар замин мебошад. Дар хоҷагӣ бо истифодаи самараноки замин ва банақшагирии дурусти кишт зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешаванд.
Аз масоҳати умумии замин, 14 гектар барои кишти картошка, 6 гектар барои пиёз, 3 гектар барои сабзӣ ва 30 гектар барои боғдорӣ ҷудо гардидааст. Қисми боқимонда ба самтҳои полезӣ ва пахтакорӣ равона шудааст. Ҳамчунин, дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагӣ сабзавоту кабудиҳо барои таъминоти рӯзмарраи оила парвариш ва истифода бурда мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ ба тарзи истифодаи самараноки замин ва гуногунсамтии истеҳсолот баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки чунин таҷриба метавонад намунаи ибрат барои дигар хоҷагиҳо бошад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ ва васеъ намудани майдонҳои кишти зироатҳои гуногун дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим мебозад.
Дар анҷоми боздид ба масъулин ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода бурдани замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

