БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ БАРОИ 200 НАФАР КӮДАК ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз рафти корҳои сохтмони муассисаи томактабӣ барои 200 нафар кӯдак, воқеъ дар деҳаи Пахтакор, деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут боздид намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи томактабӣ бо иқдоми сокинони маҳаллӣ, фаъолон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бунёд гардида истодааст. Ин иқдом намунаи равшани ҳамбастагӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар самти рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи насли наврас мебошад.

Қайд гардид, ки маблағи умумии сохтмони иншоот 830 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳо бо саҳми сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут ва шахсони саховатпеша амалӣ мегарданд. Корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли 2026 оғоз ёфта, айни ҳол бо суръати хуб идома доранд.

Мувофиқи лоиҳа, муассисаи томактабӣ барои 200 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхона ва 2 утоқи кории омӯзгорон иборат хоҳад буд. Пас аз ба истифода дода шудани ин иншоот, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба иқдоми сокинон ва саҳми соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншоотҳо барои рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли ояндасоз аҳамияти калон дорад.

Дар анҷоми боздид ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлатҳои муайяншуда ва ҳарчи зудтар ба истифода супоридани муассиса дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles