БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ШОИМАРД» ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафти кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Шоимард», воқеъ дар деҳаи Зарбдор, деҳоти Панҷ боздид намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Шоимард» дар масоҳати умумии 5,68 гектар замин ташкил гардида, дар он кишти пахта дар майдони 3,5 гектар ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи масъулин, корҳои саҳроӣ мувофиқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монда шуда, барои ба даст овардани ҳосили баланд тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Роҳбари хоҷагӣ Шоимардов Диловаршо буда, дар хоҷагӣ 8 нафар саҳмдор фаъолият доранд. Саҳмдорон бо истифода аз таҷриба ва меҳнати софдилона талош доранд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд намуда, ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ саҳми арзанда гузоранд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо хоҷагидор ба фаъолияти онҳо баҳои мусбат дода, таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles