Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст, ки аз ҷониби ҶДММ ИА «Водии Заррин» бунёд гардида истодааст, боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ, директори кулли Иттиҳоди аграрии ҶДММ «Водии Заррин» Валиев Фирдавс Сироҷович сохта шуда истодааст.
Бинои муассисаи таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 31 синфхона, толори варзишӣ (гимнастика), ошхона, толори маҷлисгоҳ, ҳуҷраи омӯзгорон, утоқи муҳосибот, инчунин утоқҳои кории директор ва ҷонишинони ӯ мебошад.
Айни замон ба корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардида, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Иншооти мазкур пас аз ба истифода додан барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ба хонандагон мусоидат намуда, дар рушди соҳаи маорифи ноҳия нақши муҳим хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

