Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафт ва нашъунамои кишти пахтаи зери плёнка дар ҶДММ ИА «Водии Заррин» боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳоди аграрии Водии Заррин» соли 2013 таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз субъектҳои муҳими агросаноатии вилояти Хатлон табдил ёфтааст.
Дар доираи барномаҳои давлатӣ ба ҷамъият зиёда аз 12 ҳазор гектар замин барои азхудкунӣ ва барқарорсозӣ вобаста гардида, қисми зиёди он заминҳои қаблан бекорхобида ва ба гардиши кишоварзӣ ҷалбнашуда буданд. Дар натиҷаи корҳои васеи мелиоративӣ ва сохтмони инфрасохтор, то имрӯз зиёда аз 6400 гектар замин обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ ворид шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки низоми ирригатсионии ҷамъият аз 5 пойгоҳи обкашии муосир бо 23 агрегати пуриқтидор иборат буда, шабакаҳои обрасонӣ қариб 100 километрро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, инфрасохтори энергетикӣ ва роҳҳо низ бунёд гардида, барои фаъолияти босамари истеҳсолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҷамъият дорои парки зиёда аз 155 адад техникаи муосири кишоварзӣ буда, инчунин корхонаи коркарди пахта бо иқтидори 30 ҳазор тонна дар як мавсимро ба истифода додааст.
Қайд гардид, ки дар баробари рушди истеҳсолот, ҷамъият ба соҳаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сохтмони муассисаи таълимиро барои 1280 ҷойи нишаст оғоз намудааст, ки он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Тибқи маълумот, соли 2025 ҷамъият дар майдони 5512 гектар пахта кишт намуда, зиёда аз 16 ҳазор тонна ҳосил ба даст овардааст. Ҳамзамон, барои пурра истифода бурдани иқтидори коркарди пахта, аз дигар хоҷагиҳо низ ашёи хом харидорӣ гардидааст.
Айни замон кишоварзон ба кишти баҳорӣ машғул буда, дар соли 2026 кишти пахта дар майдони 5647 гектар ба нақша гирифта шудааст. Кишти зери плёнка ва истифодаи усули обёрии қатрагӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сарфаи захираҳо мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти ҶДММ ИА «Водии Заррин» намунаи истифодаи самараноки замин ва татбиқи технологияҳои муосири кишоварзӣ арзёбӣ гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

