Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳисор-2016», воқеъ дар деҳоти Панҷ, боздид намуданд. Зимни боздид, роҳбари вилоят бо раванди самаранок истифода бурдани замин ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ҳисор-2016» дар масоҳати умумии 15 гектар замин ташкил гардида, дар он 9 нафар саҳмдор фаъолият мекунанд. Аз ин миқдор, дар 8 гектар пиёз ва дар 7 гектари дигар маҳсулоти полезӣ кишт карда шудааст. Ба гуфтаи масъулин, истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ ва меҳнати пайваста боис гардидааст, ки нашъунамои зироатҳо хуб ба роҳ монда шавад.
Раиси вилояти Хатлон бо роҳбари хоҷагӣ Качаков Муҳиддин ва саҳмдорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки чунин муносибати масъулона ба истифодаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ намунаи ибрат барои дигар хоҷагиҳо мебошад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки вилояти Хатлон беш аз 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро таъмин менамояд, ки ин нишондиҳанда масъулияти бузургро бар дӯши кишоварзон мегузорад. Дар ин замина, ҳар як хоҷагии деҳқонӣ бояд бо дарки баланди масъулият, истифодаи технологияҳои муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар анҷоми боздид ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

